ДАР ДУШАНБЕ ИСТЕҲСОЛОТ РУШД МЕЁБАД
Душанбе, 16 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар соли сипаригардидаи 2008-ум дар комплекси саноатии пойтахт 18 корхонаи нав ташкил карда шуд, ки онҳо ба маблагӣ 8 миллион сомонӣ молҳои гуногуни саноатӣ истеҳсол карданд, зикр шуд дар ҷаласаи ҷамъбастии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии пойтахт. Бо фаъолият шурӯъ кардани ин корхонаҳо, дар пойтахт 350 ҷойи корӣ тавлид гардид. Дар ин давра дар пойтахт суръати афзоиши саноати электротехникӣ ва коркарди металл 165,4 %, саноати сабук- 128,4 % , саноати хӯрокворӣ ва коркард-113,6 %, саноати полиграфӣ 110,5%, саноати кимиёвӣ-104,9 % ва дигар соҳаҳои саноат 121,9 % -ро ташкил дод. Дар маҷмӯъ бо назардошти сектори ғайридавлатӣ дар ҳаҷми 510,1 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ исҳсол карда шуд, ки он нисбати нишондоди соли 2007-ум 100,4 %-ро ташкил медиҳад.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






