ДАР КӮЛОБ ҲАРАКАТИ НАҚЛИЁТ БА ТАНЗИМ ДАРОВАРДА МЕШАВАД

Январь 22, 2009 12:07

                Кӯлоб, 22 январ. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- Тӯли ду соли охир зиёд гардидани нақлиёти ҷамъиятию шахсӣ, хусусан нақлиёти мусофирбар дар ҳамаи ноҳияҳои кишвар бараъло эҳсос мегардад. Мақомоти Иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб барои ба танзим даровардани ҳаракати нақлиёт дар ҳудуди шаҳр як қатор чораҳоро амалӣ карда истодааст.               Бояд қайд намуд, ки дар баробари танзими ҳаракати нақлиёт дар дохили шаҳр шӯъбаи нақлиёти МИМХД ш. Кӯлоб тасмим гирифтааст вобаста ба паст фаромадани нархи сӯзишворӣ роҳкироро низ арзон намояд.               Эмомалӣ Булбулов мудири шӯъбаи танзими нақлиёти МИМХД ш. Кӯлоб мегӯяд, ҳоло роҳкиро дар нақлиёти мусофирбарӣ ба истилоҳ "ТАНГЕМ" дар ҳудуди шаҳр 50 дирам ва автобусҳо 30 дирам муайян карда шудааст. Инчунин, тасмим дорем боз якчанд сайрхатҳои дигар ташкил намоем.                Лозим ба зикр аст, ки нархи роҳкиро фақат дар нақлиёти мусофирбарии шаҳри Кӯлоб аз оғози соли нав 50 фоиз кам гардида, нақлиёти мусофирбари дигар самтҳо ба монанди Кӯлоб — Душанбе, Кӯлоб-Қурғонтеппа, Кӯлоб- Мӯъминобод, Ховалинг ва Шурообод чун пештара боқӣ мондааст.

Январь 22, 2009 12:07

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд