ДАР МОСКАВ БАР АСАРИ СӮХТОР 7 НАФАР ШАҲРВАНДИ ҶТ БА ҲАЛОКАТ РАСИДАНД

Январь 14, 2009 10:12

Душанбе, 14 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Сафорати Тоҷикистон 13 январи соли равон ҳалокати 7 нафар шаҳрванди Тоҷикистонро ҳангоми сӯхтор дар шаҳри Маскав тасдиқ кард. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар доданд. Намояндагони сафорати Тоҷикистон дар ҷои фоҷеа ба таҳқиқи ҳодиса машғул ҳастанд ва сафорат барои фиристодани ҷасади  ҳалокшудагон ба ватан омодагӣ дорад.            Дар асари фоҷиаи рухдода Кулов Фарход Сафаркулович, соли таваллудаш 1986,  зодаи ноҳияи ба номи А. Ҷомӣ,  Назаров Сангалӣ Раҷабалиевич, соли таваллудаш 1986, зодаи ноҳияи Ваҳдат, деҳаи «Ромит»,  Боев Ҷамолиддин Зухуриддинович, соли таваллудаш 1988, зодаи деҳаи «Ромит»-и шаҳри Ваҳдат,  Мусоев Саидҷон Ҳайдарович, соли таваллудаш 1989, зодаи деҳаи «Ромит»-и шаҳри Ваҳдат,  Бангиев Аминджон Назрихуҷаевич, соли таваллудаш 1988, зодаи ноҳияи ба номи А.Ҷомӣ, кӯчаи «Агроном», Солиев Ҷамшед соли таваллудаш 1986, зодаи деҳаи  «Риссовхоз»-и ноҳияи Рудакӣ ва Мирзошарифов Соҳиб Назарович, соли таваллудаш 1989, зодаи  ноҳияи ба номи А. Ҷомӣ ҳалок гардиданд.  

Январь 14, 2009 10:12

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд