ДАР ШАҲРИТУС ҚАРИБ ЯК КИЛОГРАММ ГЕРОИН МУСОДИРА ГАРДИД
Душанбе, 7 январ. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Кормандони Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон дар натиҷаи гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ронандаи мошини тамғаи «Опель-Астра» Рустам Раҳмонови 51-соларо дар гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор гумонбар дониста, дастгир намуданд. Аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки ҳангоми азназаргузаронии мошин аз дохили он қариб як килограмм маводи сахттаъсири героин мусодира гардид. Нисбати ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтиш идома дорад.








Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






