ДАР ТУРКМАНИСТОН ФИЛМҲОИ БЕҲТАРИНИ «ТОҶИКФИЛМ» НАМОИШ ДОДА МЕШАВАНД

Январь 29, 2009 10:06

                Душанбе, 29 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). — Дар Ашқобод рӯзҳои кинои Тоҷикистон давом доранд. Агентии давлатии иттилоотии Туркманистон хабар медиҳад, ки имрӯзҳо ба тамошобинони туркман филмҳои беҳтарини студияи «Тоҷикфилм» аз ҷумла, «Достони Сиёвуш», «Ман бо духтаре вохӯрдам», «Боз як шаби Шаҳризода» ва ғайра пешкаш карда мешаванд. Тамошобинони туркман филми «Субҳи нахустини ҷавонӣ» — ро тамошо карда, бо ҳаёти мардуми Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон шинос мегарданд. Аз ҷумлаи филмҳои навтарини Тоҷикистон ба тамошобинони туркман филми «Вақте ки болои шаҳр борон меборид» пешкаш карда мешавад.                Рӯзҳои кинои тоҷик дар Туркманистон бо ташаббуси сафорати Тоҷикистон дар ин мамлакат ва вазорати фарҳанг ва радиою телевизиони Туркманистон баргузор гардида, ба 16 — солагии истиқрори муносибатҳои дипломатии ҳар ду мамлакат бахшида шудааст.                 Директори киностудияи «Тоҷикфилм» Саидҷалол Саидов аз ин иқдом изҳори қаноатмандӣ карда, ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки кормандони кинои тоҷик бо ҳамкасбони туркманашон самарабахш ҳамкорӣ мекунанд. Вай зикр намуд, ки фасли баҳор дар Тоҷикистон рӯзҳои кинои Туркманистон гузаронида мешаванд. Мо қарор додаем, ки ҳамроҳи киносозони туркман дар бораи шоири машҳури ин мамлакат Маҳдумқулӣ филми бадеӣ ба навор гирем, гуфт С.Саидов.

Январь 29, 2009 10:06

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад