ДАР ВАРЗОБ БИНОИ НАВИ СУДИ НОҲИЯ ҚОМАТ АФРОХТ
Душанбе, 9 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-10 январ дар маркази ноҳияи Варзоб бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода мешавад. Дар маросими ифтитоҳи он кормандони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ, намояндагони Суди Олии ҷумҳурӣ, Шӯрои аддия ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб иштирок менамоянд. Бинои нави суди ноҳияи Варзоб аз ҷониби Фонди миллии «Шоҳроҳи абрешим — шоҳроҳи ваҳдат» дар масоҳати 200 метри мураббаъ сохта шуда, аз 1 ошёна ва 9 утоқи корӣ иборат аст. Тибқи иттилоъи раиси Фонди миллии Шоҳроҳи абрешим — шоҳроҳи ваҳдат» Абдуғанӣ Мамадазимов, бинои мазкур аз ҷониби сохтмончиёни маҳаллӣ бо усули муосири меъморӣ ва хушсифат дар муддати кӯтоҳ бунёд гардидааст.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






