ДАСТОВАРҲОИ ПАЛАТАИ САВДО ВА САНОАТИ ҶУМҲУРӢ ДАР СОЛИ 2008
Душанбе, 7 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — 6 декабри соли равон дар Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолияти молиявию хоҷагидорӣ дар соли 2008 — ум ҷаласа баргузор гардид. Муовини раиси палатаи савдо ва саноат Асаналӣ Карамалиев доир ба самтҳои фаъолияти палата дар соли 2008- ум ва вазифаҳои он барои соли 2009 — ум баромад намуда, аз ҷумла ибрози ақида кард, ки муҳимтарин самти фаъолияти палата ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти кишварамон ба ҳисоб меравад. Бо мақсади муаррифӣ намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба арсаи ҷаҳонӣ ахбору иттилоот дар бораи фазои мусоиди сармоягузорӣ дар кишварамон, инчунин барномаҳо ва лоиҳаҳои сармоягузории корхонаю ташкилотҳои ҷумҳурӣ, палата ҳар сол СД-дискро оиди навовариҳои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешкаши ҷаҳониён мегардонад. Дар соли 2008 низ палата СД- худро бо номи «Раҳнамои тиҷорат-2008» ба табъ расонид, ки дар он 176 лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва 525 ахбори корхонаю ширкатҳо ҷой дода шудааст. Дар соли сипаригардида палата барои дастгирӣ ва васеъ намудани фаъолияти доираҳои соҳибкорӣ, махсусан тиҷорати хурду миёна зиёда аз 131 вохӯриҳо гузаронид. Бо мақсади васеъ намудани фаъолият ва муносибатҳои дуҷонибаи мутақобилан судманд, дар мамлакатҳои хориҷи дуру наздик 45 намондагии палат а таъсис дода шудааст ва бо 182 кишвари хориҷӣ созишномаҳо баста шудааст. Дар назар дошта шудааст, ки дар соли 2009 чунин созишномаҳо бо 200 кишварҳо баста хоҳад шуд.








Дар ноҳияи Носири Хусрав тақдими «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ оғоз шуд
«САРҲАДБОНОН-ЧАШМИ БЕДОРИ ВАТАН». Дар қисми ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар партави Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ оид ба масоили соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ ҳамоиш доир шуд
ZET-MOBILE натиҷаҳои давраи чоруми иқдоми «Миллионро гир»-ро барои моҳи ноябр ҷамъбаст кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати назди Муассисаи таълимии ноҳияи Спитамен расонида шуданд
Ба тарбиятгирандагони Хонаи кӯдакон ва Мактаб-интернати шаҳри Исфара туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Дар пленуми Суди Олӣ масъалаи баланд бардоштани сифати баррасии парвандаҳо ва таҳкими қонуният баррасӣ гардид
МегаФон Тоҷикистон натиҷаҳои «техникии» соли 2025-ро ҷамъбаст намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Хуҷанд намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал баргузор шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуданд






