ДЕГХОНАҲОИ «ҒАРБӢ» ВА «ШАРҚӢ»-И МИБГ БА ПОЙТАХТ ВОГУЗОР МЕШАВАНД

Январь 19, 2009 15:27

          Душанбе, 19 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар ҷаласаи  Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе,  ки 19 январ баргузор гардид,  Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо назардошти хулоса, дастуру ҳидоятҳои Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон, ки  дар ҷаласаи ҷамъбастии Ҳукумати ҷумҳурӣ садо доданд,  масъалаҳои тақвияту таҳкими нақшаҳои шаҳрро дар соли ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор дод.        Раиси шаҳр бо дарки масъулият ва ҳидоятҳои Роҳбари давлат баҳри таъмини сокинони пойтахт бо гармӣ дар фасли сармо ва бо оби гарм дар ҳама фасли сол муқаррар сохт, ки дар доираи Соли ташаббусҳои созанда ва масъулияти шаҳрвандӣ,  инчунин 900-рўзи ободонӣ ба ифтихори таҷлили сазовори ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар пойтахт дегхонаҳои «Ғарбӣ» ва «Шарқӣ»-и Маркази истеҳсоли барқу гармидиҳии  шаҳри Душанбе, ки зертобеи сохтори ШСХК  «Барқи Тоҷик» маҳсуб меёфт,  ба тавозуни шаҳр дароварда шаванд.         Тибқи иттилои котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов, маркази мазкур бо сабаби камбуди сўзишворӣ мувофиқ ба эҳтиёҷи аҳолӣ ва дигар субъектҳои  хоҷагидори шаҳр солиён аст, ки фаъолият карда наметавонад. Дар робита, барои ташкили фаъолияти муназзам ва истифодаи мақсадноки онҳо дар назди соҳаи коммуналии шаҳр сохтори нав таъсис дода мешавад. 

Январь 19, 2009 15:27

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад