ДИРЕКТОРИ КММ «ГАНҶ» БА ДАСТ АФТОД
Душанбе, 12 январ. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Директори КММ «Ганҷ» Ҳусейнхон Насриддинов ва ёрдамчии ӯ Абдураҳим Раҳимов барои тасарруф намудани маблағи 53805 сомонӣ дастгир гардиданд. Маълум гардид, ки Ҳ. Насриддинов бо А. Рахимов пешакӣ маслиҳат намуда 3-юми майи соли 2005 бо шабакаи барқии марказии Ширкати саҳҳомии холдингии «Барқи тоҷик» барои сохтмони базаи таъмиру истеҳсолии қитъаи хизматии дар маҳалаи Роҳатӣ вокеъ буда, бе нишон додани маблағ шартномаи пудратии берақамро ба имзо расонидаанд, инчунин 20-уми сентябри соли 2005 байни КММ «Ганҷ» ва ШБМ — ШСХ «Барқи Тоҷик» шартнома баста шуд. Баъди ба имзо расидани шартномаҳои мазкур аз тарафи ШБМ- ШСХ «Барқи тоҷик» ба ҳисоби ҷории КММ «Ганҷ» ҷамъ маблағи 105500 сомонӣ гузаронида шуд. Номбурдагон ба маблағи 51695 сомони корҳоро иҷро намуда ба шӯъбаи муҳосибавии ШБМ- ШСХ «Барқи точик» ҳисобот пешниҳод, ва маблағи 53805 сомонии боқимондаро бо роҳи тасарруф аз худ намудаанд, ки бо ин кирдорашон ба давлат зарари моддӣ расониданд.Аз маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки Ҳ. Насриддинов ва А. Раҳимов тибқи моддаи 245, қисми 2 ва 340-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста мешаванд. Нисбати онҳо аз тарафи Раёсати тафтишотии Агентии мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиши пешакӣ идома дорад.








Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ
Ба 10 зани ҳунарманд ва соҳибкори шаҳри Бӯстон гранти раиси шаҳр тақдим карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе бориши борон ва барф дар назар аст
Оид ба рушди ҳунармандӣ ва истифода аз грантҳои президентӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ машғулияти омӯзишӣ доир гардид
Доир ба нақши Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар омӯзиши забонҳои чинӣ ва кореягӣ конфронс доир шуд
Дар вилояти Суғд ғолибони озмунҳо қадрдонӣ гардиданд
Дар шаҳри Ҳисор маъракаи азнавбақайдгирии нафақагирон идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд






