ДУ СОЛИ БОШАРАФИ МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯ
Душанбе, 4 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- 10- уми январи соли 2009 ба рӯзи таъсиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 сол пур мешавад. Танҳо дар соли 2007 кормандони Агентӣ ба маблағи 137 млн. сомонӣ зарари молиявиро ошкор сохтанд. Худи ҳамон сол аз тарафи кормандони Агентӣ 464 ҷинояти коррупсионӣ ошкор када шуд. Дар 10 моҳи соли 2008 зарари молиявии аз тарафи кормандони Агетӣ ошкоршуда 77,9 млн. сомониро ташкил дод. Аз маблағи ошкоркардашуда 24,6 млн. сомонӣ барқарор карда шуд. Дар ин муддат 737 ҷинояти коррупсионӣ ошкор ва чораҷӯӣ карда шуда, дар тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ такони ҷиддиеро ба вуҷуд овард. Агентӣ ҳангоми санҷишҳо эҳтиром ва иҷрои қонуниятро барои ҳамаи муассиса ва корхона, вазорату идораҳо вазифаи муқаддас эълон дошт. Бо вуҷуди кам шудани маблағҳои дар натиҷаи ҷиноятҳои коррупсионӣ содиршуда, шумораи ин намуди ҷиноят рӯ ба афзоиш аст ва барои пешгирии он ҳамдастии омма бо кормандони ин идораи мӯътабари давлатӣ зарур мебошад.








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






