ЭМКУНИИ ДОНИШҶЎДУХТАРОН ЗИДДИ БЕМОРИИ САРАТОНИ ГАРДАНАКИ БАЧАДОН

Январь 6, 2009 16:00

Душанбе, 6 январ. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Яке аз проблемаҳои афзалиятноки тандурустии муосир масъалаҳои вобаста ба саратон, алалхусус саратони гарданаки бачадон мебошад, ки таи солҳои охир беш аз пеш, ба қайд гирифта шуда истодааст. Дар ҳамин замина мутобиқи фармони Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Салимов  дар байни донишҷў духтарони  Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Сино, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи  техникии Тоҷикистон ба номи Осимӣ ва Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ зидди бемории саратони гарданаки бачадон эм гузаронида шуд. Барои пешгирии чунин беморӣ 19 ҳазор адад ваксинаи Гардасил  аз ҳисоби лоиҳаи ХОУП (Барномаи башардўстонаи (USAID)) маблағгузорӣ карда шуд.  Чунин моякўбӣ дар байни 6 ҳазор донишҷўдухтарони курсҳои 3 ва 4 дар се давр гузаронида мешавад. Мақсад аз гузаронидани чунин  чорабинӣ  пешгирии бемории саратони гарданаки бачадон байни донишҷӯдухтарон мебошад. Ваксинаи Гардасил  истеҳсоли Sanati Pasteur-и кишвари Фаронса буда, барои пешгирии бемории саратони гарданаки бачадон ва дигар намудҳои саратони узвҳои  таносул истифода бурда мешавад.Ваксинаи Гардасил барои наврасони аз 9 то 17 сола ва занони ҷавон  аз 18 то 26  сола барои пешгирии бемориҳои зерин  ки барангезандаашон вируси папиломаи одам типҳои 6, 11, 16 ва 18 пешбинӣ шудааст. Ёдовар бояд шуд, ки ваксинаи Гардасил на барои табобат, балки барои пешгирии саратони гарданаки бачадон  мебошад. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.  

Январь 6, 2009 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд