ЭМОМАЛИ РАҲМОН БА УНВОНИ БАРАК ҲУСАЙН ОБАМА БАРҚИЯИ ШОДБОШ ИРСОЛ НАМУД.

Январь 21, 2009 18:01

             Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  ба унвони Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Барак Ҳусайн Обама ба муносибати савганд ёд карданаш ва оѓоз намудани иҷрои вазифаи давлатиаш барқияи шодбош ирсол намуд.           «Дар давоми солҳои сипаригашта – таъкид намуд Сарвари давлати Тоҷикистон – муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Амрико ҳамаҷиҳата густариш ёфта, ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаҳои мухталиф бо муваффақият идома дорад».           Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори омодагӣ намуд, ки ҳамкориҳои муассирро ба манфиати тарафайн бар пояи ҳадафҳои муштарак бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико идома диҳад.         Дар хотимаи барқия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Барак Обама дар маснади Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико пирўзиву комёбиҳо орзў намуд. 

Январь 21, 2009 18:01

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад