ЭМОМАЛИ РАҲМОН КАЙ ЭЙДЕРО БА ҲУЗУР ПАЗИРУФТ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Намояндаи махсуси Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба мусоидат ба Афғонистон Кай Эйдеро ба ҳузур пазируфт.Дар мулоќот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмону давлатҳои манфиатдор дар мавриди мусоидат ба барќарорсозии ҳаёти осоишта дар Афғонистон баррасӣ шуд.«Мушкилоти Афғонистонро танҳо бо назардошти омилҳои умумиминтаќавӣ метавон бартараф намуд, аз ин хотир кўмак ба Афғонистон бояд ҳамчунин аз тариќи мусоидат ба ҳамаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла ба Тоҷикистон расонда шавад», — таъкид намуд зимни сўҳбат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.Истифода аз имконоти васеи иҷтимоию иќтисодӣ, аз ҷумла наќлиётӣ ва техникии Тоҷикистон, ки бо Афғонистон наздики 1400 километр сарҳади умумӣ дорад, дар барќарорсозии иќтисодиёти ин кишвари ҷангзада муҳим арзёбӣ гардид. Таҷрибаи сулҳсозии Тоҷикистон низ барои Афғонистон судманд маънидод гардид.«Дар сурати дастгирӣ ёфтан ва татбиќи босамари лоиҳаҳои энергетикӣ, наќлиётию коммуникатсионӣ ва саноатии худ Тоҷикистон дар ояндаи наздик метавонад Афғонистонро бо нерўи барќ ва ќисман бо маҳсулоти саноатӣ, аз ҷумла маводи сохтмонӣ таъмин намояд», — бо эътимод таъкид намуд Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон.Кай Эйде изҳор дошт, ки лоиҳаҳои инфрасохтории Тоҷикистон, ки дорои аҳамияти минтаќавӣ мебошанд, мавриди омўзиши Созмони Милали Муттаҳид ќарор доранд ва беҳтарини онҳо албатта татбиќ хоҳанд шуд. Сарвари давлат ҳамчунин зикр намуд, ки айни замон Тоҷикистон метавонад ба Афғонистон дар омодасозии кадрҳои соҳаҳои гуногун, аз ҷумла барои сохторҳои низомӣ ва маќомоти ҳифзи ҳуќуќаш кўмак расонад.Дар мулоќот ҳамчунин оид ба авзои ҳарбӣ сиёсии – Афғонистон, роҳҳои пурзўр намудани мубориза бо истеҳсол ва гардиши ғайриќонунии маводи мухаддир ва дигар масоили мавриди таваҷҷўҳ гуфтугў сурат гирифт.








Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






