ФАЛАСТИН АМАЛӢ СОХТАНИ ҚАТЪНОМАИ СММ- РО ДАР ВОҲАИ ҒАЗЗАҲ ТАЛАБ КАРД
Ғаззаҳ, 10 январ. (АМИТ «Ховар»- Интерфакс).- Вазири корҳои хориҷии маъмурияти миллии Фаластин Риёз Маликӣ зимни сӯҳбат бо мухбири «Ассошиэйтед Пресс» зикр намуд, ки Исроил ва созмони «Хамос» қатъномаи Шӯрои амнияти СММ- ро комилан ба инобат намегиранд. Ба қавли ӯ, СММ бояд роҳу усулҳои амалӣ сохтани қатъномаи худро дар воҳаи Ғаззаҳ пайдо кунад. Р.Маликӣ таҳдид кард, ки дар акси ҳол барои ҳалли проблемаҳои минтақа аз ҷониби вазирони корҳои хориҷии давлатҳои араб тадбирҳо андешида мешаванд. Хабар дода мешавад, ки Исроил рӯзи гузашта қатъномаи Шӯрои амнияти СММ — ро дар бораи қатъи задухӯрдҳои мусаллаҳона дар воҳаи Ғаззаҳ рад намуд. Сарвазири Исроил қатъномаи мазкурро «ғайри қобили истифода» номид. Вай зикр кард, ки силоҳбадастони фаластинӣ қатъномаи мазкурро ба инобат нагирифта, мушакпаррониро ба сӯи Исроил давом медиҳанд. Шӯрои амнияти СММ ҳар ду тарафи муқобилро даъват намуд, ки задухӯрдҳои мусаллаҳонаро қатъ намуда, қисмҳои ҳарбии Исроил аз воҳаи Ғаззаҳ бароварда шаванд. Исроил амалиёти ҳарбиро ба муқобили ҷунбиши «Хамос» 27 декабр шурӯъ намуд. Дар ҷараёни амалиёт то имрӯз қариб 800 фаластинӣ ҳалок ва бештар аз 3,5 ҳазор нафар маҷрӯҳ гардид. Аз ҷониби Исроил 13 нафар, аз ҷумла 10 хизматчии ҳарбӣ ҳалок шуд.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






