ФАЛОКАТИ ЧАРХБОЛИ ҲАРБӢ ДАР АФҒОНИСТОН
Кобул, 16 январ. (АМИТ «Ховар» — Синхуа).- 15 январ дар яке аз ноҳияҳои кӯҳистони қисмати ғарбии Афғонистон дар натиҷаи номусоидии вазъи ҳаво чархболи ҳарбии Ми-17 ба фалокат дучор гардида, ба замин афтод. Ҳамаи 13 нафар хизматчиёни ҳарбии афғон, ки дар чархбол буданд, аз ҷумла як узви ҳайати қумондонии округи ҳарбии ғарбии мамлакат ҳалок шуданд. Ин хабарро вазорати мудофиаи Афғонистон тасдиқ намуд. Дар хабари вазорат гуфта мешавад, ки чархболи мазкур дар кӯҳистони вилояти Фароҳ ба фалокат дучор шудааст.








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






