ФАЪОЛИЯТИ ХАДАМОТ БЕҲТАР ГАРДИДААСТ

Январь 22, 2009 12:10

               Кӯлоб, 22 январ. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- Дар соли 2008 аз ҷониби кормандони Хадамоти Шиносномавию Раводиди ШКД шаҳри Кӯлоб ба 13 ҳазору 764 нафар шаҳрвандон шиносномаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст. Инчунин, ба 198 нафар нафақахӯрон ва шахсони ниёзманд шиносномаҳо тариқи ройгон дастрас гардонида шуд. Бино ба иттилои кормандони хадамот аксари шаҳрвандон тарзи гирифтани шиноснома ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳоро намедонанд ва аз ҷониби онҳо ҳолатҳои гум кардани шиносномаи шаҳрвандӣ, дар соли 2008 нисбат ба соли 2007 бештар ба қайд гирифта шудааст.               Бояд қайд намуд, ки муҳоҷирати меҳнатӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти хадамоти шиносномавию раводиди ШКД ба ҳисоб меравад. Дар хадамоти мазкур соли 2008 аз ҳудуди шаҳру ноҳияи Кӯлоб 6225 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки ба Федератсияи Росия ва дигар давлатҳо сафар намудаанд. Боло рафтани сатҳи ҷинояткорӣ дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ кормандони хадамотро ба ташвиш овардааст.               Мавриди ёдоварист, ки дар соли 2008 аз ҷониби кормандони хадамот дар шаҳру ноҳияи Кӯлоб 4 адад яроқи оташфишон мусодира карда шуда, 3 ҷиноят ошкор гардидааст, ки ду ҳодисаи дуздии моликияти шахсӣ ва як ҳодисааш бо роҳҳои қалбакӣ соҳиб гардидан ба ҳуҷҷати давлатӣ мебошад. Нисбати 900 нафар шаҳрвандон барои вайрон кардани реҷаи шиносномавӣ чораҳои интизомӣ андешида шуда, ҷамъ ба маблағи 16 хазору 400 сомонӣ ҷарима ситонида шудааст.

Январь 22, 2009 12:10

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад