ФЕҲРАСТИ ГАНҶИНАИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ ОМОДАИ ЧОП АСТ
Душанбе, 9 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Баъди танаффуси тӯлонӣ дар фаъолияти нашриётии Осорхонаи миллии ба номи Камолиддин Беҳзод чопи «Ахбор»- и осорхона аз нав ба роҳ монда шуда, шумораи 7- уми он нашр гардид. Он бо дастгирии Вазорати фарҳанги ҶТ дар нашриёти «Нодир» рӯи чоп омада, барои аҳли илму фарҳанг пешбинӣ шудааст. Китоби мазкур фарогири мавзӯҳои ҷолиби илмӣ буда, дар он хабарҳои навтарин оид ба ҷамъоварии ҳуҷҷату дастхатҳо, нигораҳои нодир ва дигар муваффақиятҳои осорхона чоп шудаанд. Бояд ёдовар шуд, ки шумораи якуми «Ахбор» соли 1952 ба табъ расида, мақолаҳои пурмазмуни олимони шинохтаро дар бар мегирифт. Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Осорхонаи миллӣ хабар доданд, ба наздикӣ Феҳрасти ганҷинаи осорхона, ки ҳоло қисми зиёди рӯйхати он тартиб дода шудааст, нашр хоҳад гардид.








Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид






