ФОИДАИ СОФИ БОНК КАМ ШУД
Душанбе, 24 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова ). — Дар Ҷамъияти саҳҳомии «Ориёнбонк» натиҷаҳои фаъолияти молиявии бонк ва филиалҳои он дар соли 2008 ҷамъбаст ва нақшаҳои асосии соли 2009 муайян карда шуданд. Ба муассисаҳои бонк дастур дода шуд, ки дар давоми семоҳаи аввали соли 2009 маблағи хароҷотро то ҳадди имкон кам карда, сифати хизматрасониро ба мизоҷон аз рӯи талаботи онҳо беҳтар намоянд. Маҷлиси ҳайати мушовараи «Ориёнбонк» натиҷаҳои фаъолияти молиявии бонк ва филиалҳои онро дар соли 2008 қаноатбахш шуморид. Дар маҷлис ҳисоботи солонаи роҳбарияти бонк, ҳисоботи бухгалтерӣ ва ҳисоботи даромаду хароҷот муҳокима карда шуданд. Даромади бонк то 1 январи соли 2009 — ум 196,5 миллион сомониро ташкил намуда, дар давоми соли гузашта 19, 7 фоиз афзуд. Дар баробари ин фоидаи софи бонк вобаста ба кам шудани вуруди маблағ дар нимаи дуюми соли гузашта ва таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ 57 фоиз кам шуд. Тарҷумон — Қудратов А.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






