ГАНҶИНАИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ ҒАНИТАР ГАРДОНДА ШУД

Январь 8, 2009 15:49

         Душанбе, 8  январ. (АМИТ «Ховар»,  Лутфия  Эшонқулова). – Кормандони Осорхонаи  миллии   ба  номи  Камолиддин  Беҳзод  соли  2008  бештар  аз 1225 экспонати таърихӣ  ҷамъ  оварданд. Ин  нисбат  ба  натиҷаҳои  соли  2007  се  баробар  зиёд  мебошад.       Директори  осорхона  А.Шарифов   ба  мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  дод, ки  экспонатҳои  дар  давоми  соли  гузашта  ҷамъовардашуда   аз  дастхати  китобҳои  қадима,  сӯзаниҳои  миллӣ,  шамъдонҳо,  маснуоти  чинию  сафолӣ,  кӯзаҳои  қадима  ва  тангаҳои   мисию  биринҷӣ  иборат  мебошанд. Дар  байни   тангаҳои  ёфтшуда,  қимати  таърихию  бадеии «Хазинаи   тангаҳои  Кушониён»  бештар  аст. Хазинаи  мазкур  666  тангаи  мисиро  дар бар  мегирад, ки   ба  асрҳои  1 – 3  — и  мелодӣ  мансуб  мебошанд.      Дар  ин  тангаҳо  аксҳои  шоҳони   давраи  кушониён —  Вима Такту, Вима  Кадфиз,  Канишка,  Хувишка ва Васудева  тасвир  ёфтаанд. Дар  таърихи  осорхона  бори  аввал  тангаи  дорои  тасвири   шоҳ Исмоили  Сомонӣ  ба  даст  оварда шуд.  Ҳамаи  ин  дастовардҳо  дар   хазинаи  осорхона  нигоҳ  дошта  мешаванд ва  ояндаи  наздик  дар  толорҳои  он  барои тамошо  гузошта  хоҳанд шуд,  гуфт  А.Шарифов.

Январь 8, 2009 15:49

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд