ГЕОЛОГҲО ҲАМ СОЛРО ҶАМБАСТ КАРДАНД

Январь 12, 2009 16:39

Душанбе, 12 январ. (АМИТ «Ховар» Жасмин Назарова). Ҷаласаи ҳайати мушовараи  Саридораи геология оид ба ҷамбасти соли 2008 доир гардид. Дар ҷаласа натиҷаи фаъолияти идораи мазкур муҳокима гардид. Зикр шуд, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ аз рўи 37 лоиҳа ба маблағи 2,180,000.00 сомонӣ ё худ нисбати соли гузашта ба маблағи 280,000.00 сомонӣ зиёд корҳоро иҷро кардааст.Инчунин корҳои шартномавиро  аз рўи 58 лоиҳа дар ҳаҷми 5,428,056.00 сомонӣ, ё худ нисбати соли гузашта ба маблағи 1,313,295.00 сомонӣ зиёд иҷро намудааст. Корҳои пудратӣ низ ба маблағи 53,247.00 сомонӣ ба анҷом расонидаанд. Дар маҷмўъ бо усули хоҷагидорӣ ба маблағи 7,554,809.00 сомонӣ, ё худ нисбати ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 1,632,948.00 сомонӣ зиёд корҳоро анҷом дода, суръати афзоишро ба 128% расонид.Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд,  дар давраи ҳисоботӣ идораи зикршуда ба маблағи 1,864,295.00 сомонӣ, ё худ нисбати соли гузашта ба маблағи 634,098.00 сомонӣ зиёд ба буҷа андоз супорид. Музди миёнаи меҳнат дар Саридораи геология 274 сомониро ташкил медихад, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 50 сомонӣ зиёд аст.Солҳои охир геологҳои ҷумҳурӣ дар амалисозии чандин лоиҳаҳои иктишофӣ — геологии аз ҳисоби буҷет ва инчунин ба воситаи шартномаҳо маблағгузоришаванда ҳисса гузошта, дар рушди иқтисодиёти кишвар саҳми арзанда доранд. Дар натиҷа захираҳои 1 кони тилло,  1 кони ангиштсанг,  3 кони  семент, 9 кони гилхок ва 14 кони қуму шағал ҳисобӣ шуда  ба баррасии Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок (КДЗ) пешниҳод гардидаанд.Тавре, ки дар боло қайд гардид, кормандони  Саридора, захираи якчанд конҳои тилло, ангиштсанг, ашёи сементӣ, гилхок ва қуму шағалро ҳисобу китоб намуда, дар тарози давлат қабул карда, ба соҳибкорони ватанӣ пешниҳод намуданд, ки дар асоси онҳо 18 адад корхонаҳои хурди истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ба монанди хишт, қуму шағал, семент, ангишт ба кор дароварда шуданд, ки дар натиҷа зиёда аз 200 ҷойҳои нави корӣ пайдо гардиданд.Дар асоси кони тиллои Покруд, ки дорои захираи зиёда аз 28 тонна тилло буда ба тарози давлат қабул гардид, соли 2009-ўм корҳои лоиҳакашӣ оғоз ёфта барои сохтани фабрикаи бойгардонии тилло замина гузошта мешавад.

Январь 12, 2009 16:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад