ГУЛУ НИҲОЛҲОИ МОЗАНДАРОН ДУШАНБЕРО ОРОИШ МЕДИҲАНД

Январь 31, 2009 11:49

                 Душанбе, 31 январ. АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар доираи маъракаи ниҳолшинонӣ дар Боғи фарҳангу фароғатии устод Рӯдакӣ беш аз 80 адад ниҳолҳои ороишию сояафкан, аз қабили арча, ардаҷ, шоҳбулут, оби мушкин ва нандино шинонида шуд. Инчунин, дар ин боғ дар масоҳати 4 ҳазору 105 метри мураббаъ гулҳои гуногуни мавсимӣ шинонида шудааст.                  Тавре ба хабарнигори АМИТ « Ховар» сардори муассисаи давлатии нигоҳдорӣ ва истифодабарии иншоотҳо дар назди сарраёсати ободонии пойтахт Шералӣ Раҳмонов гуфт, гулу ниҳолҳои ороишӣ аз устони Мозандарони Эрон дар асоси қарордод оварда шуда, онҳо ба иқлиму шароити ҷуғрофии Душанбе мутобиқ мебошанд. Инчунин, дар назар аст, ки дар оянда аз Голландия низ гулу ниҳолҳои гуногун оварда мешаванд, ки ба ҳусни пойтахт зебоӣ ва тароват ато хоҳанд кард.                  Бояд зикр кард, ки Боғи фарҳангу фароғатии устод Рӯдакӣ дар масоҳати 12, 7 гектар доман густурда, роҳбарияти пойтахт ҷиҳати боз ҳам сарсабзу хуррам ва ободонии он тадбирҳои мушаххас меандешад.                   Шералӣ Раҳмонов ҳамчунин гуфт, ки алҳол кормандони муассисаи мазкур ба нарм кардани қитъаҳои замин ва шинонидани гулу растанӣ ва буттаю ниҳолҳои оироишию сояафкан дар мӯҷтамеъи меъмории назди муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ, воқеъ дар майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт машғули кор мебошанд.  

Январь 31, 2009 11:49

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад