ХАЗИНАИ ОҒОХОН ДАР ХИЗМАТИ БОҒДОРОН
Душанбе, 6 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфтаи раиси ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон Сафаралӣ Зокиров, бо дастгирии бевоситаи Хазинаи Оғохон бори аввал парвариши ниҳолҳои босамари себу шафтолу, ноку зардолу, бодому чормағз дар гармхонаҳои ниҳолпарварӣ ба роҳ монда шуд. Ин тарзи ниҳолпарварӣ имкон медиҳад, ки ҳар сол ҳазорҳо бех ниҳоли босамар парвариш ва ба фурӯш бароварда шавад. Ин тадбир дар баланд бардоштани иқтисодиёти хоҷагиҳо нақши арзанда дорад. Бо ин восита дар ноҳия боғҳои кӯҳна аз нав эҳё гардида, Мӯъминобод чун макони меваҳои шаҳдбор дар минтақаи Кӯлоб боқӣ хоҳад монд. Алҳол, дар ноҳия 2 ҳазор гектар боғ мавҷуд аст, ки як қисми он бо мадади Хазинаи Оғохон аз нав эҳё мегардад.








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






