ХОҶАГИҲОИ КОММУНАЛӢ ВА ЗИМИСТОНИ СОЛИ 2009

Январь 9, 2009 08:23

          Душанбе, 9 январ.(АМИТ «Ховар» Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии омор, дар ҷумҳурӣ оид ба зимистон омода сохтани иншооти хоҷагии коммуналӣ ва фонди манзил тадбирҳо андешида шуда бошад ҳам, аммо он дар сатҳи зарурӣ иҷро нагардид.           То моҳи декабри соли 2008 мебоист таъмири 147 дегхона дар шаҳру вилоятҳои ҷумҳурӣ анҷом меёфт, аммо дар асл танҳо 28 дегхона ё 19 фоизи ин иншоот аз таъмир бароварда шудааст. Дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз 3 дегхонаи мавҷудбуда ягонтои он таъмир наёфтааст.         Дар вилояти Суғд бошад аз 37 дегхона -13-то, дар вилояти Хатлон аз 70 дегхона ҳамагӣ 1-то ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз 33 дегхона 10 –тои он аз таъмир бароварда шудааст. Боиси тазаккур аст, ки дар шаҳри Душанбе ҳамаи 4 дегхона аз таъмир бароварда шудааст, аммо на ҳама хонаҳои пойтахт бо оби гарм таъминанд.

Январь 9, 2009 08:23

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд