ХОҶИОШӢ БА КӮДАКИСТОНУ ЯТИМХОНА
Душанбе, 13 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои мудири бахши танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Дастгоҳи раиси вилояти Суғд Мавҷуда Мирпочоева, дар соли 2008 барои баргузории маъракаҳои ҷашну маросимҳои дар вилоят баргузоргардида 90 миллион сомонӣ харҷ гардидааст, ки нисбат ба як сол пеш 50 млн.сомонӣ камтар аст. Як қисм ҳоҷиёни виляти Суғд тасмим гирифтанд, ки маблағи ҳоҷиоширо, ки солҳои пеш барои ҳаққу ҳамсоя, хешу табор, ёру ошно сарф карда мешуд, акнун ба кӯдакистону хонаҳои ятимон ва муассисаҳои статсионарӣ, ки дар онҳо бепарасторон нигоҳубин мешаванд сарф намоянд. Дар шароити имрӯза, ки бӯҳрони молиявӣ тамоми оламро фаро гирифта, мушкилоти таъмини маҳсулоти истеъмолиро ба бор овардааст, чунин иқдоми ҳоҷиён боиси дастгирист.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






