ИҶЛОСИЯИ ҒАЙРИНАВБАТИИ СММ ВАЗЪИЯТИ ҒАЗЗАҲРО МУҲОКИМА МЕКУНАД
Ню-Йорк, 15 январ. (АМИТ «Ховар» — Синхуа).- Имрӯз барои муҳокимаи вазъияти воҳаи Ғаззаҳ иҷлосияи ғайринавбатии махсуси Маҷмаи кулли СММ баргузор мегардад. Иҷлосия таҳти раёсати раиси Маҷмаи кулли СММ Мигел Деското Брокмангузаронида мешавад. Гузаронидани иҷлосияи мазкурро баъзе мамлакатҳои аъзои СММ, аз ҷумла мамлакатҳои ғайримунсалик талаб намуданд. Пешбинӣ карда мешавад, ки дар иҷлосия барои ҳалли проблемаҳои воҳаи Ғаззаҳ қатъномаи дахлдор қабул карда хоҳад шуд. Алҳол намояндагони доимии мамлакатҳои аъзои СММ машваратро дар ин бобат давом медиҳанд. Шӯрои амнияти СММ 8 январ Исроилу Фаластинро даъват кард, ки задухӯрдҳои мусаллаҳонаро фавран қатъ кунанд. Вале на Фаластин ва на Исроил талаботи СММ- ро иҷро накарданд. Амалиёти ҳарбии Исроил дар воҳаи Ғаззаҳ давом дорад.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






