ИФТИХОРНОМА ҶИҲАТИ ТАҚВИЯТИ МУНОСИБОТ БО КИШВАРҲОИ ИДМ

Январь 10, 2009 12:35

             Душанбе, 10 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Бо қарори Кумитаи иҷроияи Шӯрои сарони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Ҳотамов ҷиҳати фаъолияти шоиста дар тақвият ва густариши ҳамкорӣ бо давлатҳои ИДМ бо ифтихорнома сарфарозонида шуд.  Д. Ҳотамов дар сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» ифтихорномаи мазкурро идомаи мантиқии сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати ҷумҳурӣ арзёбӣ карда, афзуд, ки ин ҳама аз он шаҳодат медиҳанд, ки бо талошҳои пайвастаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон обрӯю нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мақоми хосро касб менамояд. Маврид ба зикр аст, ки моҳи октябри соли 2008 Кумитаи иҷроияи Шӯрои сарони ИДМ тасмим гирифт, ки намояндагони беҳтарини мақомоти гуногуни кишварҳои аъзоро ҷиҳати фаъолияти пурсамарашон бо ифтихорнома сарфароз гардонад. Ин ифтихорнома аз Тоҷикистон насиби Давлаталӣ Ҳотамов гардид.  

Январь 10, 2009 12:35

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд