ИМА ДАР АФҒОНИСТОНУ ПОКИСТОН БА МУҚОБИЛИ ТЕРРОРИЗМ МУБОРИЗА МЕБАРАД

Январь 23, 2009 15:57

                       Вашингтон, 23 январ. (АМИТ «Ховар» — Синхуа). — Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Барак Обама намояндагони махсуси худро дар Шарқи Наздик ва Афғонистону Покистон таъин кард. Вай ҳамроҳи котиби давлатӣ Хиллари Клинтон дар маҷлиси Департаменти давлатӣ таъиноти нави худро шарҳ дода, зикр намуд, ки Афғонистону Покистон ҷабҳаи марказии муборизаи ИМА ба муқобили терроризми байналхалқӣ қарор дода мешаванд. Узви собиқи сенат Ҷорҷ Митчел сафири махсуси ИМА дар Шарқи Наздик таъин гардид. Бояд гуфт, ки вай дар вақташ дар тадбирҳои истиқрори сулҳ дар Ирландияи Шимолӣ нақши муҳим бозида буд.                      Ба вазифаи намояндаи махсуси ИМА дар Афғонистону Покистон намояндаи собиқи доимии ИМА дар СММ Ричард Холбрук таъин карда шуд. Вай аҳамияти калони суханронии президентро таъкид намуда гуфт, ки ояндаи наздик ба ин минтақа сафар мекунад ва баъди бозгашт дар бораи вазъияти ин мамлакатҳои ноороми Осиё ба президент ва котиби давлатӣ маълумоти зарурӣ хоҳад дод. Қайд кардан лозим аст, ки Ҷ.Митчел ва Р.Холбрук таҷрибаи калони «эҷоди сулҳу осоиш» — ро доранд.                     Р.Холбрук миёнаҳои солҳои 90 — уми асри гузашта, созишномаи Дейтонро дар амал тадбиқ намуда, ҳамчун дипломати варзида машҳур гардид. Тавре ки маълум аст, дар натиҷаи иҷрои созишномаи мазкур ба ҷанги хунин дар Босния ва Герсеговина хотима дода шуд. Ҷ.Митчел зимни ҳукумати президент Бил Клинтон барои барқарор намудани сулҳ дар Ирландияи Шимолӣ миёнаравӣ карда буд. Президенти нави ИМА ғайр аз Афғонистону Покистон ба проблемаҳои Эрон диққати ҷиддӣ медиҳад.  

Январь 23, 2009 15:57

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад