ИНТИХОБОТ ДАР КИШВАРҲОИ ИДМ ШАФФОФУ ДЕМОКРАТӢ ГУЗАШТ

Январь 4, 2009 09:37

           Душанбе, 4 январ. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Намояндагони Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии ҷумҳурӣ аз пойтахти Беларус- шаҳри Минск баргаштанд. Онҳо дар ҳамоише, ки таҳти унвони «Фаъолияти нозирони  ИДМ дар интихоботи давлатҳои ИДМ дар соли 2008. Таҷриба ва роҳҳои мукаммалгардонии фаъолияти ҳайати нозирон» баргузор шуд,  иштирок намуданд.       Ҳадаф аз баргузории ин чорабинӣ чустуҷӯи роҳҳои афзалиятноки баргузор намудани  интихоботи шаффофу одилона ва фаъолгардонии ҳайати нозирони ИДМ дар ҷараёни баргузории интихобот дар кишварҳои Иттиҳод мебошад. Дар ҳамоиш котиби Кумитаи иҷроияи ИДМ С. Лебедев иштирок намуда, ба фаъолияти ҳайати  нозирон баланд дод.      Назар ба иттилои роҳбари Дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии ҷумҳурӣ Муҳибулло Додоҷонов,  ҳамоиш бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ИДМ баргузор шуда, дар он  намояндагони Комиссияҳоли марказии интихобот ва райъпурсии ИДМ, Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, намояндагони корпуси дипломатии ИДМ иштирок доштанд.      Иштирокдорони ҳамоиш масъалаҳои марбут ба баргузории интихоботу озоду демократӣ, баланд бардоштани фаъолияти нозирони ИДМ зимни мушоҳидаи интихобот дар кишварҳои ИДМ-ро баррасӣ намуда, дар анҷом тавсиянома қабул карданд. Бояд зикр кард, ки дар соли 2008 дар давлатҳои  Гурҷистон, Арманистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳуриии Беларус, Қазоқистон, Озарбойҷон ва Туркманистон интихоботи парлумонӣ ва президентӣ баргузор гардид, ки беш аз 9 ҳазор нозирон аз кишварҳои ИДМ онҳоро мушоҳида карданд.       Дар ҳамоиш Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Амирхон Сафаров иштирок дошт. 

Январь 4, 2009 09:37

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад