ИТТИФОҚИ ЖУРНАЛИСТОНИ ТОҶИКИСТОН 50 – СОЛА МЕШАВАД

Январь 5, 2009 15:38

        Душанбе,  5  январ. (АМИТ «Ховар»,  Таҳмина  Ғоибназарова). – Моҳи ноябри соли равон 50 – солагии таъсиси Иттифоқи  журналистони Тоҷикистон   таҷлил карда  мешавад. Тайёрӣ  ба  ин  санаи  муҳим  давом  дорад.         Ба  муносибати  ҷашн  тадбирҳои  гуногун   ба  нақша  гирифта шудаанд. Аз  ҷумла,  барои ба  даст  овардани  ҷоизаи  Иттифоқи  журналистон озмунҳо  гузаронида,  осорхонаи  Иттифоқи  журналистон  кушода  ва  дар  бораи таърихи  соҳаи  журналистикаи  тоҷик  китоби  алоҳида  чоп  карда  мешавад. Ноширон аз  журналистон  хоҳиш  кардаанд, ки  дар  нашри  китоб  кӯмак  расонда,  тарҷумаи  ҳоли  ҳамаи  раисони  Иттифоқи  журналистон ва  мақолаҳоро  дар  бораи  журналистони  машҳур  пешкаш  намоянд. Моҳи  ноябр Осорхонаи  журналистика  кушода  мешавад. Айни  ҳол   барои  осорхонаи  мазкур  экспонатҳо,  аз  ҷумла,  мошинкаҳои  кӯҳнаи  чоп,  дастгоҳҳои  сабти овоз,  шумораи  рӯзномаю  маҷаллаҳои  солҳои  гузашта,  камераҳои   кӯҳнаи  наворбардорӣ  ва  ғайра  ҷамъ  оварда  мешаванд.

Январь 5, 2009 15:38

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад