КӢ БА ЭРОН МЕРАВАД ?

Январь 23, 2009 11:13

                      Душанбе, 23 январ. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). — Аз 23 то 31 январи соли равон дар Эрон ҷашнвораи байналхалқии театрии «Фаҷр» баргузор мегардад. Соли гузашта аз Тоҷикистон театрҳои русии драмавии ба номи Маяковский ва ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов барои иштирок дар ин ҷашнвора ариза пешниҳод карда буданд. Вале маълум шуд, ки ҳар ду театр дар ҷашнвораи мазкур асари саҳнавии «Рустам ва Сӯҳроб» — ро намоиш додан мехоҳанд, ки онро коргардон С.Усмонов ба саҳна гузоштааст.                      Гап дар он аст, ки С.Усмонов аввал дар театри Маяковский кор мекард ва баъд ба театри ҷавонон гузашт. Ӯ намоишномаи «Рустам ва СУҳроб» — ро аввал дар театри русии ба номи В.Маяковский ба саҳна гузошта, баъд таҳияи онро дар театри ҷавонон давом дод.                     Ба ҷашнвора сабти навори асари саҳнавӣ фиристода шуд, ки онро ҳунарпешагони театри русии ба номи Маяковский ба саҳна гузоштаанд. Бояд гуфт, ки намоишномаи мазкур дар театри ҷавонон ба саҳна гузошта нашудааст.                   Намоиши асари саҳнавиро дар Теҳрон маъқул дониста, пешниҳод карда шуд, ки он ба забони тоҷикӣ тарҷума карда шавад. Маъмурияти театри ҷавонон даъво дорад, ки намоишнома дар театри Маяковский ба забони русӣ ба саҳна гузошта шудааст ва мо онро ба забони тоҷикӣ ба ҷашнвора пешниҳод намудем.                   Муовини аввали вазири фарҳанги ҷумҳурӣ М.Достиев ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки дар ҷашнвора на театри ҷавонон ва на театри ба номи Маяковский, балки гурӯҳи эҷодии ҷумҳурӣ дар ҳайати ҳунарпешагони ҳар ду театр ширкат меварзад.                    Вазъият бо он душвор мегардад, ки театри драмавии русии ба номи Маяковский имсол бояд бори дуюм дар ҷашнвораи театрии Русия ба номи Чехов иштирок намояд. Шарти асосии иштирок дар ин ҷашнвора бори аввал намоиш додани асари саҳнавӣ мебошад. Театри ба номи Маяковскийро маҳз бо асари саҳнавии «Рустам ва Сӯҳроб» ба ин ҷашнвора даъват намуданд. Вале баъди ҷашнвораи «Фаҷр» дар Эрон асари саҳнавии «Рустам ва Сӯҳроб» — ро ба ҷашнвораи ба номи А.Чехов пешниҳод кардан имконнопазир мегардад.                   Мухбири АМИТ «Ховар» медиҳад, ки ҳунарпешагони тоҷик 24 январ ба Эрон сафар мекунанд.  

Январь 23, 2009 11:13

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад