КӮЛОБ БО ОБИ НӮШОКИИ ТОЗА ТАЪМИН МЕШАВАД

Январь 15, 2009 08:53

           Душанбе, 15 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои мутахассисони Корхонаи фаръий обу ташноб (КФОТ)-и шаҳри Кӯлоб, тибқи лоиҳаи тараққиёти шаҳр ва бо оби тозаи ошомиданӣ таъмн намудани аҳолии шаҳр ва сохтмони 2 обанбор Ҳукумати ҷумҳурӣ аз ҳисоби буҷа ба миқдори  1 миллиону 144 ҳазору 808 сомонӣ маблағ ҷудо намуд.           Мутобиқи лоиҳаи мазкур, то соли 2010 иловатан ба маблағи қаблан ҷудогардида, боз 1 млн. 340 ҳазор сомонӣ барои сохтмони иншооти обрасонӣ ва нав кардани лӯлаҳои хатти обрасон ҷудо гардид.          Акнун тибқи технологияи нав, қубурҳои оҳанӣ бо лӯлаҳои полиэтилинӣ иваз карда мешаванд. Аллакай бо лӯлаҳои полиэтилинӣ як қисми хатти кӯҳнаи оби шаҳр  иваз карда шуд. Кор дар қисмати марказию шарқии шаҳр доир ба иваз намудани хатти нави обрасонӣ давом дода мешавад.    

Январь 15, 2009 08:53

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд