КӮМАКИ ҲУКУМАТИ ҶОПОН
Душанбе, 22 январ. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Дирӯз дар шаҳри Душанбе дар масъалаи расондани кӯмаки бебозгашти Ҳукумати Ҷопон ба Осорхонаи асбобҳои атиқаи Тоҷикистон ба маблағи 88 ҳазор доллари ИМА барои беҳтар намудани тадбирҳои ҳифзи экспонатҳои қадима қарордод имзо карда шуд. Барномаи беҳтар сохтани усулҳо ва шароити нигаҳдории экспонатҳо дар давоми як сол иҷро карда мешавад. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ки карордоди мазкурро директори Пажӯҳишгоҳи таъриху мардумшиносии Академияи илмҳои ҷумҳурӣ Раҳим Масов ва намояндаи муваққатии ваколатдори Ҷопон дар Тоҷикистон Йошихиро Накаяма имзо карданд.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






