КӮМАКИ ИТТИҲОДИ АВРУПО БАРОИ РУШДИ СОҲАИ КИШОВАРЗИИ ТОҶИКИСТОН

Январь 13, 2009 16:38

Душанбе 13 январ. (АМИТ «Ховар», Наргис Бойахмедова).- Иттиҳоди Аврупо ва  Агентии ҳамкории техникӣ ва рушд дар бораи ҷудо кардани як миллиону 346 ҳазор евро барои афзун гардонидани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва  беҳтар сохтани тарзу усулҳои худидораи маҳаллӣ дар ноҳияҳои Панҷ ва Конибодом қарордод имзо намуданд. Аз намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки қарзи мазкур барои бештар сохтани имконияти сохторҳои маҳаллӣ аҳамияти калон дорад. Маблағи қарз дар 90 деҳа ва 11 ҷамоати ноҳияҳои Панҷу Конибодом истифода бурда мешавад.         Агентии  ҳамкории техникӣ ва рушд  бо  ин мақсад бо  шабакаи машваратию иттилоотӣ, хадамоти омӯзиши таҷрибаи пешқадам, созмони  байналхалқии ғайриҳукуматии  «Маркази таълимоту таҳқиқот» ва  Иттиҳоди созмонҳои  молиявии Тоҷикистон ҳамкорӣ хоҳад кард. 

Январь 13, 2009 16:38

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад