КӮМАКИ ИТТИҲОДИ АВРУПО БАРОИ ТАЪМИНОТИ ОБИ ТОЗА
Душанбе, 9 январ. (АМИТ «Ховар», Наргис Бойахмедова).- Иттиҳоди Аврупо ба созмони «Миссия Востока» барои иҷрои барномаи пешгирии оқибатҳои тағйир ёфтани иқлим, кам кардани сатҳи камбизоатӣ, таъминоти об, энергетика ва беҳтар сохтани вазъи санитарӣ ба маблағи қариб 800 ҳазор евро кӯмаки бебозгашт мерасонад. Барномаи мазкур аз моҳи декабри соли 2008 сар карда, дар давоми ду сол дар ноҳияҳои Айнӣ ва Панҷакент татбиқ карда мешавад. Бо ин маблағ дар ин ноҳияҳо хатҳои нави обрасонӣ сохта мешаванд, ки ба таъминоти аҳолӣ бо оби тоза мусоидат хоҳанд кард.








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






