КӮМАКИ МУАССИСАИ БАЙНАЛХАЛҚИИ КИШОВАРЗӢ БА ОИЛАҲОИ КАМБИЗОАТИ ВИЛОЯТИ

Январь 30, 2009 09:53

                Душанбе, 30 январ. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Муассисаи байналхалқии рушди соҳаи кишоварзӣ барои расондани кӯмак ба деҳқонону фермерҳои 250 деҳа дар вилояти Хатлон 12 миллион доллари ИМА ҷудо кард. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти Созмони Милали Муттаҳид хабар доданд. Дар хабар гуфта мешавад, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар вилояти Хатлон вобаста ба ғайри қобили кишт гардидани замин, набудани имконияти гирифтани қарзҳо, аз кор баромадани шабакаҳои обрасонӣ, инчунин мавриди истифода қарор нагирифтани технологияҳои навтарин ва душвориҳои фурӯши маҳсулот ниҳоят ночиз мебошад.                Тибқи нақша, маблағи кӯмаки муассисаи мазкур ба 20 ҳазор оила дода хоҳад шуд, ки ба деҳқонӣ машғуланд.                Муассисаи байналхалқии рушди кишоварзӣ муассисаи СММ буда, 30 сол пеш таъсис ёфта буд. Муассиса дар ин муддат бештар аз 700 барномаро иҷро намуда, дар 90 мамлакати ҷаҳон ба оилаҳои қашшоқу бенаво ба маблағи бештар аз 10 миллиард доллари ИМА кӯмак расондааст. Тарҷумон — Қудратов А.  

Январь 30, 2009 09:53

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд