КӮМАКИ МУАССИСАИ БАЙНАЛХАЛҚИИ КИШОВАРЗӢ БА ОИЛАҲОИ КАМБИЗОАТИ ВИЛОЯТИ
Душанбе, 30 январ. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Муассисаи байналхалқии рушди соҳаи кишоварзӣ барои расондани кӯмак ба деҳқонону фермерҳои 250 деҳа дар вилояти Хатлон 12 миллион доллари ИМА ҷудо кард. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти Созмони Милали Муттаҳид хабар доданд. Дар хабар гуфта мешавад, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар вилояти Хатлон вобаста ба ғайри қобили кишт гардидани замин, набудани имконияти гирифтани қарзҳо, аз кор баромадани шабакаҳои обрасонӣ, инчунин мавриди истифода қарор нагирифтани технологияҳои навтарин ва душвориҳои фурӯши маҳсулот ниҳоят ночиз мебошад. Тибқи нақша, маблағи кӯмаки муассисаи мазкур ба 20 ҳазор оила дода хоҳад шуд, ки ба деҳқонӣ машғуланд. Муассисаи байналхалқии рушди кишоварзӣ муассисаи СММ буда, 30 сол пеш таъсис ёфта буд. Муассиса дар ин муддат бештар аз 700 барномаро иҷро намуда, дар 90 мамлакати ҷаҳон ба оилаҳои қашшоқу бенаво ба маблағи бештар аз 10 миллиард доллари ИМА кӯмак расондааст. Тарҷумон — Қудратов А.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






