КАДОМ ДАВЛАТ БЕШТАР БА ТОҶИКИСТОН ЁРИИ БАШАРДӮСТОНА КАРД?

Январь 30, 2009 11:44

                         Душанбе, 30 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар давоми соли 2008 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 47 кишвари хориҷи дуру наздик ба маблағи 101508 ҳазор доллари ИМА, аз ҷумла 23511 тонна орд ба маблағи 13510 ҳазор доллар, 1541 тонна равғани растанӣ ба маблағи 2897 ҳазор доллар, доруворӣ ба маблағи 34420 ҳазор доллар ва амсоли инҳо ёрии башардӯстона расонидаанд.                        Дар Кумитаи давлатии омор ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфтанд, ки дар ёрии башардӯстона барои Тоҷикистон саҳми ИМА назаррас аст. Дар давоми соли сипаригашта саҳми ИМА 33,2 фоиз, Латвия 5,8 фоиз, Эрон 2,9 фоиз, Чин ва Дания 2,5 фоизӣ, Нидерландия 1,7 фоиз, АМА ва Ҷумҳурии Корея 1,2 фоизиро ташкил дод.                        Мавриди зикр аст, ки аз кишварҳои узви ИДМ саҳми Белорус 16,9 фоиз, Қазоқистон 13,8 фоиз, Россия 6,9 фоиз ва Қирғизистон 1,4 фоиз аст.

Январь 30, 2009 11:44

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад