КАМБУДИҲО БОЯД ИСЛОҲ ШАВАНД
Душанбе, 19 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза маҳмадбекова). — Дар соли сипаришуда дар ҷумҳурӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба соли 2007-ум коҳиш ёфт. Он камбудиҳо дар натиҷаи кори сусти ширкатҳои “Алюминийи Тоҷик”, “Барқи Тоҷик”, Ҷамъияти саҳҳомии “Тоҷиксемент” ва корхонаҳои пахтатозакунӣ ба амал омад. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ҷамъбастии Ҳукумати ҷумҳурӣ ба вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, энергетика ва саноат супориш дод, ки сатҳи иҷрои барномаҳои рушди соҳаҳои ҷудогонаи саноат, аз ҷумла истихроҷу коркарди сангҳо ва металлҳои қиматбаҳо, саноати сабук, коркарди пурраи нахи пахтаро ҳамаҷониба таҳлил намуда, доир ба истеҳсоли маҳсулоти барои содирот таъиншуда чораҳои муассир андешанд.Инчунин, дар ҷаласаи мазкур ба Вазорати энергетика ва саноат супориш дода шуд, ки ҷиҳати рушди саноати масолеҳи сохтмон Барномаи рушди истеҳсоли маводи сохтмонро барои давраи то соли 2015 таҳия карда, то охири нимсолаи аввали соли 2009 ба баррасии Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод намояд.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






