КОРИ ВАЗОРАТ ДАР СОЛИ 2008 НЕК АРЗЁБӢ КАРДА ШУД

Январь 23, 2009 16:13

                   Душанбе, 23 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). — Тибқи «Барномаи рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015» барои таҷҳизонидани китобхонаҳо бо технологияи муосири компютерӣ 139848 сомонӣ сарф шуда, ба 16 шаҳру ноҳияҳои мамлакат ирсол карда шуд. Дар ин бора вазири фарҳанги ҶТ Мирзошоҳрух Асрорӣ дар нишасти матбуотӣ, ки 23 январ дар ин вазорат баргузор гардид, маълумот дод. Ӯ зикр намуд, ки ҷиҳати амалисозии «Барномаи компютеркунонии муассисаҳои таълимии фарҳанг ва санъат» як қатор муаасисаҳои таълимии тобеи вазорат бо таҷҳизоти компютерӣ таъмин карда шуданд.                   Дар давраи сипаришуда, бо мақсади густаришу таҳкими робитаҳои байналхалқӣ Созишномаҳои ҳамкории фарҳангӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Алҷазоир ва Украина ба имзо расонида шуд. Лоиҳаи Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони мероси фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба тармим ва таъмири ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.                  Бо мақсади баланд бардоштани тахассус ва маҳорати касбӣ факултаи такмили ихтисоси кормандони соҳаи фарҳанг, санъат ва табъу нашр дар назди Донишкадаи давлатии санъат таъсис дода шуд ва то ба имрӯз онро 57 нафар шунаванда аз рӯи самти тахассуси фарҳангӣ бо муваффақият хатм карданд.                 Вазир бо қаноатмандӣ изҳор кард, ки дар соли 2009 вазорати фарҳанг ва аҳли ҳунару санъат бобати бошукӯҳу сазовор таҷлил намудани ҷашнҳои дар пешистода, аз ҷумла Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбии «Парасту», фестивали байналхалқии театрҳои касбии Осиёи Миёна «Наврӯз», иди «Шашмақом», 1310- солагии бузургдошти Имоми Аъзам, Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Украина, Туркманистон, Арманистон, Рӯзҳои дӯстии Эрону Тоҷикистон ва Рӯзҳои фарҳангии Ҳиндустон ва Арманистон дар Тоҷикистон, Фестивал-симпозиуми сеюми байналмиллаии «Фалак» ва ғайра тамоми имкониятҳои моддиву маънавӣ ва донишу таҷрибаи хешро самаранок равона месозанд.   

Январь 23, 2009 16:13

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад