КОРМАНДОНИ ПАЖӮҲИШГОҲИ АСТРОФИЗИКА ДАР БОРАИ ЗИЛЗИЛА ОВОЗА ПАҲН НАКАРДААНД

Январь 12, 2009 15:09

            Душанбе, 12 январ. ( АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина).- Директори Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ Хурсанд Ибоддинов ба мухбири  АМИТ  «Ховар»  гуфт, ки  кормандонии  пажӯҳишгоҳ ба овозаи шоми 10 январ дар бораи имконияти рух додани зилзилаи шадид ягон муносибат надоранд. Ҳамон шаб дар шаҳри Душанбе ва минтақаҳои дигари ҷумҳурӣ овоза паҳн шуд, ки дар қаламрави мамлакат зилзилаи сахт рух медиҳад. Одамон аз ин овоза ба воҳима афтода, шабро  дар беруни хонаҳояшон рӯз карданд.             Х.Ибоддинов таъкид кард, ки то ҳол дар саросари ҷаҳон ягон усули  пешбинӣ кардани зилзила вуҷуд надорад.            Чанд лаҳза  пеш аз  рух додани зилзила дар табиат баъзе нишонаҳоро  мушоҳида кардан мумкин аст, гуфт олим.- Тағйир ёфтани  ҳаҷми моддаи химиявии радон дар таркиби  ҳаво, тағйирёбии  афканиши шуоъҳои электромагнитӣ дар қабати замин, тағйироти қутби ионҳо, инчунин рафтори баъзе намудҳои ҳайвоноти хонагӣ аз ҳамин ҷумлаанд. Х.Ибоддинов дар хотима зикр намуд, ки ин  усулҳо дар муассисаҳои илмии мамлакатҳои ҷаҳон ҳамаҷониба омӯхта мешаванд.

Январь 12, 2009 15:09

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад