КОРМАНДОНИ ПАЖӮҲИШГОҲИ АСТРОФИЗИКА ДАР БОРАИ ЗИЛЗИЛА ОВОЗА ПАҲН НАКАРДААНД
Душанбе, 12 январ. ( АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина).- Директори Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ Хурсанд Ибоддинов ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки кормандонии пажӯҳишгоҳ ба овозаи шоми 10 январ дар бораи имконияти рух додани зилзилаи шадид ягон муносибат надоранд. Ҳамон шаб дар шаҳри Душанбе ва минтақаҳои дигари ҷумҳурӣ овоза паҳн шуд, ки дар қаламрави мамлакат зилзилаи сахт рух медиҳад. Одамон аз ин овоза ба воҳима афтода, шабро дар беруни хонаҳояшон рӯз карданд. Х.Ибоддинов таъкид кард, ки то ҳол дар саросари ҷаҳон ягон усули пешбинӣ кардани зилзила вуҷуд надорад. Чанд лаҳза пеш аз рух додани зилзила дар табиат баъзе нишонаҳоро мушоҳида кардан мумкин аст, гуфт олим.- Тағйир ёфтани ҳаҷми моддаи химиявии радон дар таркиби ҳаво, тағйирёбии афканиши шуоъҳои электромагнитӣ дар қабати замин, тағйироти қутби ионҳо, инчунин рафтори баъзе намудҳои ҳайвоноти хонагӣ аз ҳамин ҷумлаанд. Х.Ибоддинов дар хотима зикр намуд, ки ин усулҳо дар муассисаҳои илмии мамлакатҳои ҷаҳон ҳамаҷониба омӯхта мешаванд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






