ЛОИҲАИ СОЗИШНОМА БАЙНИ ВАЗОРАТҲОИ ТАНДУРУСТИИ ҶТ ВА АРАБИСТОНИ САУДӢ БА ИМЗО
Душанбе, 15 январ. (АМИТ «Ховар» Жасмин Назарова). Тавре, ки ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуотии Вазорати тандурустии ҶТ иттилоъ доданд, рузҳои 12-13-уми январи соли ҷори Вазири тандурустии Ҷумхурии Тоҷикистон Нусратулло Салимов бо директори генералии Беморхонаҳои дар назди Вазорати кумак ба омодасозӣ ва рушди қувваи кории Арабистони Саудӣ вохурд. Мақсади вохӯрӣ муайян намудани заминаи минбаъдаи ҳамкориҳо бо Вазорати тандурустии ҶТ ва Вазорати тандурустии Арабистони Саудӣ медошад. Дар рафти сафари расмӣ меҳмонон аз муассисаҳои Кумаки Аввалияи Тиббию Санитарии (КАТС) ш. Душанбе, Беморхонаи ёрии таъҷилӣ, Пажуҳишгоҳи Илмию тадқиқотии Акушери ва гинекологӣ, Донишгоҳи давлатии Тиббии ба номи А.И Сино, ва Маркази бемориҳои дилу раг ва қафаси синаи Вазорати тандурустии ҶТ дидан карданд.Дар оянда гуруҳи коршиносони Вазорати тандурустии Арабистони Саудӣ ба ҶТ ҷиҳати мушаххас намудани чорабиниҳои амали сафари корӣ анҷом медиҳанд ва дар натиҷа Лоиҳаи Созишнома байни Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурутсии Арабистони Сауди ба имзо расонида мешавад.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






