М. КАБИРӢ: «БОЯД БОНКИ МИЛЛӢ ДОДАНИ ҚАРЗҲОИ ДАРОЗМУДДАТРО БА РОҲ МОНАД

Январь 15, 2009 16:42

                                                                           Душанбе, 15 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Бояд Бонки миллии  Тоҷикистон додани қарзҳои дарозмуддатро ба роҳ монад, бахусус қарзҳое, ки ба истеҳсолот равона карда мешаванд». Чунин гуфт ба хабарнигорон вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Муҳиддин Кабирӣ баъд аз тасдиқи Дурнамои самтҳои асосии сиёстаи пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2009.          Ба андешаи М. Кабирӣ қарзҳои кӯтоҳмуддате, ки имрӯз  Бонки миллии Тоҷикистон ҷудо карда истодааст,  асосан барои бозор ворид мешавад ва дар ин маврид қарзгиранда маҷбур аст, ки фоизро сари вақт ба бонк баргардонад. Маблағе, ки шаҳрвандон аз бонкҳо мегиранд маҷбуранд танҳо дар бозор ва савдо сарф намоянд.  Зеро ҳамагуна истеҳсолот ҳадди ақал 2 ваё 3 сол мӯҳлат меҳоҳад, то ин ки маҳсулоти истеҳсолшуда ба бозор бароварда шавад ва даромад диҳад. Мутаасифона ин имкониятро қарзгирандагони мо надоранд. Аз ин хотир бояд, сиёсати пулию қарзии Бонки миллии Тоҷикистон, умуман ҳамаи бонкҳои ҷумҳурӣ аз додани қарзҳои кӯтоҳмуддат ба додани қарзҳои дарозмуддат ва имтиёзнок гардонида шавад, ки он ба рушди истеҳсолот ва пешрафти иқтисоди миллии кишварамон такони ҷиддие хоҳад бахшид. М.Кабирӣ мегӯяд, ки — Бонки миллии Тоҷикистон омодаи ин сиёсат ҳаст ё нест,  амммо ин талаботи замон мебошад.

Январь 15, 2009 16:42

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад