М. УБАЙДУЛЛОЕВ БО САНОАТЧИЁН МУЛОҚОТ МЕНАМОЯД

Январь 20, 2009 09:45

        Душанбе, 20 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Минбаъд моҳе як маротиба Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо роҳбарони субъектҳои саноатии пойтахт мулоқот менамояд. Ин матлаб дар ҷаласаи васеи шаҳри Душанбе зикр гардид.             Тибқи иттилои котиби матбуоти раиси шаҳр Шавкат Саидов ҳадаф аз андешидани ин тадбир тақвияти раванди истењсолот дар соњаи саноати пойтахт ва мусоидат ба бедории саноатчиён новобаста аз шакл ва тобеияти идоравӣ баҳри истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир дар бозори истеъмолӣ мебошад. Интизор меравад, ки зимни мулоқоти раиси шаҳр бо саноатчиёни пойтахт проблемаҳои ҷойдоштаи соҳа, рушди минбаъдаи он матраҳ мегарданд.             Бояд зикр кард, ки тӯли солҳои охир ба пойтахт ва умуман ба ҷумҳурӣ аз хориҷӣ кишвар мањсулоти пастсифати арзони заргарӣ, трикотажӣ, маводи сохтмонӣ, хўрокворӣ ва молҳои ғайриистеъмолӣ ба таври қочоқ ворид карда мешаванд. Аз ин рӯ, баргузор намудани чунин мулоқот пеш аз ҳама ба рушди соҳаи саноати пойтахт, истеҳсоли молу маҳсулоти ба бозор рақобатпазир ва ҷилавгирӣ аз ворид намудани маҳсулоти пастсифат ба пойтахт мусоидат менамояд.

Январь 20, 2009 09:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд