МАҶАЛЛАИ «ТОҶИКИСТОН» 70-СОЛА ШУД

Январь 28, 2009 17:14

                  Душанбе, 28 январ.(АМИТ «Ховар», Мрзия Саидова).- 28 январ аз таъсисёбии маҷаллаи ҷамъиятию сиёсӣ ва иҷтимоию фарҳангии «Тоҷикистон» 70 сол пур шуд.                  Ба ин муносибат дар Вазорати фарҳанги мамлакат маҳфили эҷодӣ доир гардид, ки дар он кормандони маҷалла ва рӯзноманигорону муҳаррирони собиқи он иштирок доштанд. Аҳли эҷоди маҷаллаи «Тоҷикистон»-ро мушовири калони Президенти ҷумҳурӣ Мансур Сайфиддинов ва вазири фарҳанги мамлакат Мирзошоҳрух Асрорӣ табрик намуда, ба онҳо комёбиҳои беназири эҷодӣ таманно карданд.                  Бояд зикр кард, ки маҷаллаи «Тоҷикистон» ҳанӯз соли 1938 таъсис дода шуда, то соли 1956 бо унвони «Блокноти агитатор» нашр гардида, аз соли 1990 бо номи «Тоҷикистон» чоп мешавад.                  Аввалин муҳаррирони ин маҷалла Муҳаммадҷон Нурматов ва Абдусалом Деҳотӣ инчунин, Равшани Ёрмуҳаммад ва Амирхон Аҳмадхонов буданд. Ато Ҳамдам ва Басир Расо низ яке аз собиқ кормандони фаъоли маҷаллаи мазкур мебошанд.                  Тавре сардабири маҷаллаи «Тоҷикистон» Аскар Абдусамадов дар сӯҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, бо вуҷуди баъзе мушкилот алҳол маҷалла дар ду моҳ як маротиба чоп шуда, доир ба масъалаҳои сиёсию ҷамъиятӣ ва иҷтимоию фарҳангии мамлакат мақолаҳо нашр менамояд.                   Дар рӯзи 70-солагии маҷаллла як қатор кормандони эҷодии он бо Нишонҳои ифтихории «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон» ва «Аълочии матбуоти Тоҷикистон» сарфароз гардиданд.

Январь 28, 2009 17:14

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад