МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ ДОИМИИ МАМЛАКАТҲОИ ИДМ ДАР МИНСК

Январь 24, 2009 10:38

                   Душанбе, 24 январ. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Маҷлиси навбатии Шӯрои намояндагони доимии ваколатдори давлатҳои ИДМ 26 январ дар шаҳри Минск баргузор мегардад. Иштирокчиёни маҷлис натиҷаҳои машварати гузаштаро дар мавзӯи фаъолияти гурӯҳи намояндагони ИДМ дар интихоботи мамлакатҳои Иттиҳод дар давоми соли 2008, таҷриба ва роҳҳои беҳтар сохтани фаъолияти онҳо, нақшаи соли равон, рӯзномаи маҷлисҳои ояндаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ ва Шӯрои сарони ҳукуматҳои давлатҳои Иттиҳодро баррасӣ менамоянд.                    Инчунин дар маҷлис нақшаи тадбирҳои амалӣ сохтани даври аввали барномаи стратегии рушди иқтисодии ИДМ то соли 2020 ва лоиҳаи Қарори Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ дар бораи таъсиси гурӯҳи муваққатии кории бартараф сохтани муноқиша дар Обхозистон муҳокима карда мешавад.

Январь 24, 2009 10:38

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд