МАҶЛИСИ ШӮРОИ АМНИЯТ
Душанбе, 30 январ. (АМИТ «Ховар», Темур Бандишоев). — 29 январ таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Шӯрои амнияти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ баргузор гардид. Дар маҷлис ҳисоботи роҳбарони сохторҳои низомию интизомӣ ва муҳофизи қонуни ҷумҳурӣ шунида ва муҳокима карда шуданд. Дар ҳисоботи онҳо натиҷаҳои фаъолияти сохторҳои зикршуда дар соли 2008 ҷамъбаст карда шуданд.Баъди муҳокимаи ҳисобот вазифаҳои соли 2009 ба таври мушаххас муайян гардиданд. Иштирокчиёни маҷлис ба бартараф сохтани камбудиҳои мавҷуда дар мубориза ба муқобили ҷинояткорӣ диққати махсус доданд. Президенти ҷумҳурӣ, раиси Шӯрои амнияти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба раиси Суди олӣ Нусратулло Абдуллоев, раиси Шӯрои адлия Шермуҳаммад Шоҳиён, мушовири давлатии Президент дар масъалаҳои сиёсати ҳуқуқӣ, намояндаи ваколатдори Президенти ҷумҳурӣ дар Маҷлиси олӣ Зариф Ализода ва директори Агентии таъминоти моликияти махсуси назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Исмоил Шафиев дастур дод, ки дар давоми шаш моҳ ҳамаи камбудию норасоиҳои дар фаъолияти сохторҳояшон мавҷударо бартараф созанд.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






