МАҶМӮАИ НАВИ ЗИЁ АБДУЛЛО
Душанбе, 6 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Маҷмӯаи нави шеърҳои шоири маъруф Зиё Абдулло таҳти унвони «Ҷоми симурғ» аз чоп баромад. Маросими муаррифии он 9 январ дар Итттифоқи нависандагони ҶТ баргузор мегардад. Дар он намояндагони илму фарҳанги пойтахт иштирок менамоянд. Дар маҷмӯаи «Ҷоми симурғ» шеъру достонҳои беҳтарини солҳои охир офаридаи З. Абдулло гирд оварда шудаанд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки Зиё Абдулло муаллифи маҷмӯаҳои зиёди шеъру достонҳо ва мақолаҳои илмию-оммавӣ мебошад. Намунаҳои беҳтарини ашъори ӯ ба забонҳои гуногун тарҷума шудаанд. Яке аз маҷмӯаҳои ашъори шоир дар Маскав бо номи «С единой болью» чоп шуда, дар байни хонандагони рус мақоми намоён дорад.








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






