МАБЛАҒҲОИ БУҶЕТ САМАРАНОК ИСТИФОДА БУРДА ШАВАНД

Январь 17, 2009 12:14

            Душанбе, 17 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Соли гузашта ба буҷети давлатӣ дар маҷмӯъ 5 миллиарду 300 миллион сомонӣ ворид гардид, ки ин нисбат ба соли 2007-ум 1 миллиарду 600 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Бо вуҷуди 106 фоиз иҷро шудани даромади умумии буҷет нақшаи 4 намуди андоз таъмин нагардид. Инчунин масъалаи бақияпулиҳо аз андоз, яъне қарздорӣ аз пардохти давлатӣ ҳанӯз пурра ҳалли худро наёфтааст ва баръакс сол то сол афзуда истодааст. Дар айни ҳол ҳаҷми умумии қарз аз андозҳо ва пардохтҳо дар мамлакат 506 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда нисбат ба аввали соли гузашта 120 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Аз ин рӯ, Сарвари Давлат ба Вазорати молия, Кумитаи андоз ва Хадамоти гумрук супориш дод, ки якҷоя бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ доир ба таъмин намудани иҷрои буҷети давлатӣ, пурра ворид кардани бақияпулиҳои андоз ва роҳ надодан ба пайдоиши бақияпулиҳои нав, инчунин истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ чораҳои таъхирнопазир андешанд.

Январь 17, 2009 12:14

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад