МАБЛАҒГУЗОРИҲОИ БОНКӢ НАТИҶА НАДОД
Душанбе, 29 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Рушди кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пахтакорӣ, ки яке аз соҳаҳои сердаромад дар амнияти иқтисодии кишвар маҳсуб меёбад, вобаста аст. Соли 2008 кормандони соҳаи кишоварзӣ дар баъзе бахшҳо бо дастовардҳои назаррас ноил шуданд. Бо вуҷуди он истеҳсоли яке аз зироатҳои асосӣ -пахта натиҷаи хуб надод. Гарчи дар соли 2008 аз ҳисоби буҷаи ҷумҳурӣ, бонкҳо ва сармоягузорон ба соҳаи пахтакорӣ беш аз 370 млн. сомонӣ маблағгузорӣ карда бошанд ҳам, аммо дар мамлакат ҳамагӣ 350 ҳазор тонна пахта истеҳсол карда шуд. Ҳосилнокии пахта дар соли 2008 14, 7 сентнериро ташкил дод, ки ин нисбат ба солҳои 40-уми асри гузашта камтар аст. Коршиносон сабаби пастравии ҳосилнокии пахтаро аз ҳавасманд набудани мардум ба ин соҳа медонанд. Агар пахтакорӣ бо чунин тарз пеш бурда шавад, хоҷагиҳо баробари фучеристон аз бонкҳо ҳам қарздор хоҳанд шуд ва соҳа билкул барҳам хоҳад хӯрд








Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ






